Спросить
Войти

Болооби Зарафшон: љуѓрофияи таърихї, топонимика

Автор: указан в статье

УДК 39 (517) ББК 63.5

Аюбов Абдусалом Рауфович номзади илм^ои таърих, докторанти Осорхонаи

антропология ва мардумшиносии ба номи Петри Кабири Академияи илмуои Россия. (Русия, Москва)

Аюбов Абдусалом Рауфович, кандидат исторических наук, докторант Музея антропологии и этнографии им. Петра Великого (Кунсткамера) Российской академии наук. (Россия, г. Москва)

Ayubov Abdusalom Raufovich, candidate of historical sciences, post-doctoral student of Anthropology and ethnography museum named after Peter Velikiy Russian Academy of Sciences. (Russia, Moscov), E-MAIL: abdusalom -1@mail.ru

Вожахри калиди: Сугд, Зарафшон, Буттам, Паргар, Урметан, Мастчо%, цугрофияи таърихи, топонимика, маскуншавии ^индуориёщо,

Мацола ба цугрофияи таърихи, маскуншавии а^олй ва этимологияи ном^ои цугрофии наво^ии болооби Зарафшон бахшида шудааст. Дар %амин минтаца сарга^и Зарафшон воцеъ буда, он манбаи обёрии Сугди Самарцанд ва Сугди Бухоро ба %исоб мерафт. Ку^истони Сугд бо Панцакент ва Самарцанд алоцамандии зич дошта, но^ияи мустацил буд. Оид ба %аёти мардуми ин минтаца тащо муаррихон, сайё^он ва цугрофидонони асримиёнагии арабу форс маълумот додаанд.

Болооби Зарафшон чун цисми таркибии вилояти таърихию фар^ангии Сугд %ануз аз замони цадим ба макали маскуншавии одамон табдил ёфта буд. Шароити табии барои ин амал мусоидат намудааст. Хафриёти бостоншиносон, ба даст омадани ашёи мухталиф, урфу одати мардуми далел бар онанд, ки ин минтаца чун яке аз марказ^ои ташаккули тамаддуни сугдиён баромад кардааст. Ахолии асосии болооби Зарафшонро сугдиён ташкил медоданд. Аз ин ру, тамоми ном^ои цугрофии ин цо дар асоси меъёр^ои забони сугди сохта шуда, то замони мо омада расидаанд.

Статья посвящена исторической географии, этническому расселению и этимологии географических названий верховьев Зеравшана. в этом регионе нгаходился исток реки Зеравшан, которая была необходима для орошения Самарканда и Бухары. Отмечается горный Согд имел связи с Пенджикентом и Самаркандом и был самостоятельным регионом. О жизни народов региона писали средневековые арабо-персидские историки, путешественники и географы.

Верховье Зарафшана как составная часть историко-культурной области Согд ещё в древности превратилась в место заселения людей, для чему способствовали природные условия. На основе с археологические раскопок, находок различных предметов, народных обычаев сделан вывод о том, что этот регион выступал как один из центров сложения согдийской цивилизации и основное население верховьев Зеравшана составляли согдийцы, а также, все географические названия региона созданы на основе норм согдийского языка и дошли до наших времен.

The article dwells on the historical geography, ethnic settlement and etymology of geographical names of the upper Zarafshan. In the relevant region the source of the Zarafshan-river, which was the source of irrigation of Samarkand and Bukhara was located. Mountain Sughd had connections with Penjikent and Samarkand and was an independent region. The medieval Arab-Persian historians, travelers and geographers wrote about the life of the peoples of the region. The upper part of the Zarafshan as an integral part of the historical and cultural area of Sughd has turned into a place of settling people in ancient times. This was facilitated by natural conditions. Archaeological excavations, finding of various objects, folk customs indicate that this region acted as one of the centers of the formation of Sogdian civilization. The

БОЛООБИ ЗАРАФШОН: ЦУГРОФИЯИ ТАЪРИХИ, ТОПОНИМИКА

ВЕРХОВЬЕ ЗЕРАВШАНА: ИСТОРИЧЕСКАЯ ГЕОГРАФИЯ, ТОПОНИМИКА

UPPER ZARAFSHAN: HISTORICAL GEOGRAPHY, TOPONYMY

main population of the upper reaches of Zarafshan was the Sughdians. So, all the geographical names of the region are created on the basis of the norms of the Sughdian language and have reached our times.

Сугд хамчун маркази калони сиёсй, иктисодй ва фархангии Мовароуннахр аз давраи кадим дар бунёди давлатхо, ташаккули халкиятхо дар минтака накши мухим бозидааст. Ин вилояти таърихию фархангй баъди шикасти давлати Кушониён дар давраи барвакти асримиёнагй аз чихати рушди хочагй ва фарханг дар Мовароуннахр ба сафи пеш баромад. Ин болоравй он замон хамчунин ба заминхои сугдиёни шаркй, наздикии болооби кухии Зарафшон дахл дошт. Дар хамин минтака саргахи Зарафшон вокеъ буда, он манбаи обёрии Сугди Самарканд ва Сугди Бухоро ба хисоб мерафт. Кухистони Сугд бо Панчакент ва Самарканд алокамандии зич дошта, нохияи мустакил буд.

Ба масъалаи чугрофияи таърихии тамоми минтакаи Сугди кухй ягон асари алохида бахшида нашудааст. Он танхо дар асоси маълумоти муаррихон, чугрофидонон ва сайёхони асримиёнагии арабу форсзабон мавриди баррасй карор гирифта метавонад.

Дар бораи вазъи ин минтака дар ахди кадим ва асрхои V-VI маълумоти кофй вучуд надоранд. Агар ба тадкикоти Б.Я. Ставиский вобаста ба ахбороти сайёхи хитой Сюан Сзан такя намуда шавад, пас маълум мегардад, ки дар солхои 20-уми асри VII болооби Зарафшан аз чихати маъмурй бо дигар мулкхои Сугди Самарканд баробар буд (20, 85-86).

Маълумоти муайянро дар бораи Сугди кухй манбаъхои хаттии арабу форсй, ки асосан ба асрхои VIII-XII мансубанд, медиханд. Муаллифони арабзабон онро хамчун Буттам кайд намудаанд. Муаллифи китоби «Х,удуд-ул-олам» онро Бутамон номидааст (21, 73). Истилохи «Буттам» хамчунин дар хуччатхои калъаи кухии Муг низ вомехурад. Сугдшиносон чунин мехисобанд, ки истилохи сугдии «Pyttman» ба калимаи арабии «ал-Буттам» ва форсй-точикии «Бутаман» якмаъно аст (18, 220; 19, 95).

Маълумотро оиди Буттам китоби муаррих ва чугрофидони араб Ибни Хурдодбех, медихад. У унвонхои хокимони томусулмонии давлатхои Осиёи Миёнаро номбар карда, аз чумла, унвони хокими Буттам Зун-на-Наъаро кайд намудааст. Аз руи маълумоти у Буттам дар замони Тохириён ба онхо 5 хазор дирхам андоз месупорид. Аз ин маълум мешавад, ки Буттам дар ин давра мулки мустакил буд (23, 24).

Маълумоти нисбатан мукаммали чугрофй дар китоби ал-Истахрй «Масолик ва мамалик» (Китоби роххо ва мамлакатхо) оварда шудааст. У навиштааст: «Дар вилояти Буттам бисёр калъахои дастнорас, конхои тилло, нукра, навшодир мавчуданд. Буттам аз се кисм иборат аст: Буттами якум, Буттами миёна ва Буттами беруна. Обхои Самарканд, Сугд ва Бухоро аз Буттами миёна манбаъ гирифта, ба воситаи Паргар то Самарканд чорй мешаванд. Аз Масго (Мастчох) дигар рудхо огоз шуда, дар Паргар бо руди Самарканд якчоя мешаванд. Руди Чагониён низ аз Буттам сар мешавад». Илова бар ин, дар чои дигар гуфта шудааст, ки «хамаи обхои Самрканд, ки аз куххои Буттам сарчашма мегиранд, аз Чагониён болотаранд. Ин дарё обанбор дорад, ки Бачн номида мешавад. Ин чой Бургар ном дорад ва дарё аз он чо то Бунчикат ва минбаъд то Варагсар чорй мешавад, ки дар он чо сарбанд мавчуд аст. Аз сарбанд обхои руди Сугд ба самтхои шаркй ва чанубй-гарбй таксим мешаванд» (9, 27). Минбаъд, дар кисмати «Куххо» гуфта мешавад, ки «куххои аз хама ба Бухоро наздик ин кухи Варака ё Варка мебошанд, ки байни Кеш ва Самарканд чойгир шуда, бо воситаи Шахристони Уструшана, Фаргона бо Тароз пайваст мешаванд ва ба Хитой мегузаранд» (9, 29).

Хдмин тарик, ал-Истахрй ба таври мухтасар ва мушаххас чугрофияи Буттамро нишон додааст. Аммо маълум нест, ки вай бо таксими вилоят ба се кисм чиро дар назар дошт. Дар бораи куххои Варака, ки байни Бухоро ва Кеш чойгир шуда буданд, маълумот дода, у ба Буттам мансуб будани онро нишон надодааст, харчанд аз руи нишондоди вай оиди ба воситаи Шахристони Уструшана ва Фаргона бо Тароз пайваст шудан ва то Хитой тул кашидан алокаи ин куххо бо Буттам маълум аст.

Маълумоти нисбатан муфассалро оид ба кухистони Сугд муаллифи «Х,удуд-ул-олам», ки дар асри Х навишта шудааст, овардааст. Вай менависад, ки «Бутамон - ин нохия дар байни куххо ва дарахо дар Саравшан (Уструшана). Се кисм дорад: Бутамони дохилй, Бутамони миёна ва Бутамони берунй» (21, 74).

Муаллифи «Х,удуд-ул-олам» бар акси ал-Истахрй ва ибни Хавкал дар бораи Паргар ва Искандаркул маълумоти муфассал додааст. Вай навиштааст, ки «Баргар - ин нохия дар Бутамони миёна ва Дарйёчо (Дарёча) дар он чойгир аст ва руди Бухоро аз он манбаъ мегирад ва Бутамони миёна дигар дарёхо сар шуда, ба он мерезанд» (21, 75). Илова бар ин, дар кисмати дарёхо ва халичхо навиштааст, ки «Дарйхдо дар Саравшан (Уструшана) чойгир

аст ва он аз чор руд ташкил ёфтааст, ки огози онхо дар куххои Бутамон ва байни куххо мебошанд. Аз он руде манбаъ мегирад, ки ба Самарканд, Бухоро ва Сугд об медихад» (21, 85).

Муаллифи «Худуд-ул-олам» рустои Паргарро дар Буттами миёна чой дода, чун ал-Истахрй Искандаркулро шохоби асосии Зарафшон медонад. Бар хилофи аз ал-Истахрй у Зарафшонро на руди Сугд, балки Бухоро номидааст. У низ рудхои Ягноб, Мастчох, Паструддарё, Киштутдарё ва Могиёндарёро нишон надода, танхо бо он махдуд шудааст, ки аз Буттами миёна хама рудхои дигар огоз ёфта, ба руди Бухоро мерезанд.

Бисёр ёре ач олимон чунин мехисобанд, ки чугрофидонони араб ва муаллифи «Худуд-ул-олам» Фондарёро шохоби асосии Зарафшон медонанд (11, 47; 8, 30; 17, 57). Аммо дар асл ин тавр нест. Фондарё - ин Ягнобдарё дар чараёни поёнии он мебошад, ки аз кухи Фон гузашта, номи нав - Фондарёро гирифтааст. Аз ин маълум мешавад, ки чугрофидонони асримиёнагй мавчудияти Ягнобдарёро намедонистанд ва ба онхо танхо Искандардарё маълум буд.

Хама чугрофидонони асримиёнагй медонистанд, ки руди Сугд аз куле гизо мегирад, ки дар куххои Буттами миёна чойгир буд ва номи онро хар яке ба тарзи худ кайд намудаанд. ал-Истахрй онро Бачан - обанбор, муаллифи «Худуд-ул-олам» - Дарёча, ибни Хдвкал - Чан, ал-Мукаддасй - Мачма, ибни Хурдодбех - Хаштодондар номдаанд.

Маркварт чунин мехисобид, ки истилохи сугдии «чан» маънои «канал»-ро дорад (23, 34). О.И. Смирнова ба ин истилох диккати махсус додааст. У чунин мехисобад, ки шакли дурусти ин истилох «чай» мебошад, ки маънои «обанбор»-ро дорад ва он дар топонимикаи болооби Зарафшон вомехурад (17, 57). ^айд кардан чоиз аст, ки истилохи «дарё» дар забони точикй то асрхои IX-XII дар фаркият аз руд-дарё маънои «бахр»-ро дошт. Эхтимол истилохи «дарйёчо» дар «Худуд-ул-олам» шакли вайроншудаи «дарёча» мебошад. Дарвокеъ, дар тарчумаи форсии Ибни Хавкал калимаи «чан» «дарёча» мебошад.

Ягон нафар аз чугрофидонони асримиёнагй, ба гайр аз Ибни Хурдодбех, номи ин кулро наовардааст. Маълум аст, ки номи имруза Искандаркул дертар, дар охири асри XVIII пайдо шудааст; то ин дам вай чй ном дошт, маълум нест (5, 185). Чугрофидонон онро танхо кул номидаанд, факат Ибни Хурдодбех Ал-Хаштодондар номидааст (10, 140). Маркварт пешниход намуд, ки он Хаштодон дара ё Хаштодонзара - кул номида шавад.

О.И. Смирнова чунин мехисобад, ки маънои истилохи «Хаштодондара», ки Ибни Хурдодбех овардааст, нофахмо аст ва то замони мо дар шакли вайроншуда расида омадааст (17, 57). Аммо эхтимол аст, ки Ибни Хурдодбех номи аслии кул - Хаштодон ё Хаштозонро оварда, кисмати дуюми он «дара» шояд шакли вайроншудаи калимаи «дарё» - кул бошад, яъне вай Хаштодондарё номида мешуд.

Муаллифи «Худуд-ул-олам» бар хилофи дигар муаллифон кайд намудааст, ки кул аз чор дарё таркиб ёфтааст. Маълум аст, ки ба Искандаркул чор дарё - Хазормеш, Саридевор, Саритаг ва Сарима мерезанд. Дуруст аст, ки Хазормеш ва Саридевор начандон дуртар аз кул якчоя мешаванд ва ба Искандаркул мерезанд. Руди Саритаг дар навбати худ аз панч дарёчахои хурд: Дукдон, ^арокул, Мур ва Канчоч таркиб ёфта, онхо дар нохияи Саритаг якчоя мешаванд (12, 41).

Муаллифи «Худуд-ул-олам» кайд кардааст, ки хамаи ин дарёхо аз аз Буттами миёна манбаъ мегиранд ва дар масофаи шаш фарсанг бо хам кули Дарёчаро ташкил медиханд (21, 79).

Мутобики маълумоти чугрофия ва геологияи муосир руди аз хама калон ва дароз, ки ба Искандаркул мерезад, Саритаг мебошад, ки такрибан 40 км дуртар аз кул огоз шудааст. Сарима бошад, боз хам наздиктар аст. Дар замони муосир Искандаркул 3,5 километри мураббаъ андоза дорад (22, 184).

ал-Истахрй ва Ибн Хавкал дар бораи мавчудияти дехахо дар атрофи кул кайд намудаанд, аммо муаллифи «Худуд-ул-олам» дар ин бора чизе нанавиштааст. Аз чихати бостоншиносй ин нохия кам омухта шудааст, вале имруз дар атрофи кул дехае вучуд надорад. Дехаи аз хама наздики Саритаг 7-8 км болотар аз кул чойгир шудааст. Поёнтар дар масофаи 15 км дехаи Чичик чойгир аст Дар кисмати чанубу шаркии кул майдонхои кишт мавчуданд.

Чугрофидонони асримиёнагй ба истиснои Ибни Хурдодбех номи Искандардарёро наовардаанд. Ибн Хурдодбех онро Чирт номидааст. Маркварт чунин мепиндошт, ки истилохи «Чирт» бо номи канали Фай (Пай) дар Сугд алокаманд аст (10, 140). Аммо баробари ин маънои Чайрудро истисно намекард. О.И. Смирнова чунин мехисобид, ки ин

шакли вайроншудаи номи дарёи Зарафшон мебошад. Ин чо гап дар сари номи аввалини Искандардарё меравад ва истилохи «Чирт» шакли дигари «Чичик», яъне Искандардарё номи дехаи Чичикро, ки начандон дуртар аз кул чойгир буд, гирифтааст.

Чанд сухан дар бораи номи дарёи Зарафшон. В.В. Бартолд дар ин бора навиштааст: «Дарёе ки ба он бо фарханги худ махалле ки кариб то вактхои охир маркази сиёсй ва фархангии Туркистон буд, ухдадор аст, дар адабиёти мусулмонй номи махсус надорад. Номи пешбинишудаи Намик аллакай дар солхои аввали ислом фаромуш шуда буд; номи имрузи «Зарафшон» дар адабиёти махаллй то асри XVIII вонамехурад» (5, 185).

Дар солномахои хитой (асрхои II-VIII) Зарафшон номи «Нами»-ро дорад. Дар асоси транскрипсияи хитоии На-ми чанд мухдккикон ба хулоса омаданд, ки манбаъхои хитой ба мо номи кадимиориёии Зарафшон - Намикро кайд намудаанд. Решаи истилохи «нам» маънои «сачда кардан»-ро дорад.

Дар манбаъхои юнонй дарёи Зарафшон Политимет номида шудааст, ки аз руи маъно ба «намик» наздик аст. Аммо Страбон аз номи Аристобул руди ба воситаи Сугд чоришавандаро Политимет номида, чунин навиштааст, ки «ин номро ба вай макдунихо монанди он ки бисёр номхоро аз нав эчод ва ё дигар кардаанд, додаанд» (15, 14). Эхтимол, юнониён дар вакти дигар кардани номи дарё мазмуни онро ба инобат гирифтаанд.

ал-Истахрй Зарафшонро руди Сугд, муаллифи «Х,удуд-ул-олам» руди Бухоро номидаанд. Ибн Хдв;ал менависад, ки руди Самарканд, Сугд ва Бухоро аз махалли Чан дар Бутамони миёна огоз мешавад ва дарозии он 30 фарсанг аст. Дарё ба воситаи Бургар, Бунчикат ба суи Самарканд чорй мешавад. Аз Масчо дигар рудхо чорй мешаванд ва дар Баргар бо руди Самарканд якчоя мегарданд (9, 181).

Хамин тарик, аз ахбороти ибни Хавкал бармеояд, ки вай Зарафшонро то Самарканд -руди Самарканд, минбаъд руди Сугд ва дар марзи Бухоро - руди Бухоро номидааст. Минбаъд у навиштааст, ки «хамаи дарёно ва каналхои Бухоро аз руди Сугд об мегиранд ва бозмондахои оби руд ба канали Зар мерезад ва Зар работи Бухороро бо об таъмин мекунад» (9, 182). Худи самаркандиён Зарафшонро Кухак ё оби Кухак меномиданд. Ибни Ёкут дар асри XIII навиштааст, ки руди Сугд аз Буттам сар мешавад (23, 41).

Хамин тарик, хамаи чугрофидонон то асри XIII Зарафшонро руди Сугд, хамчунин руди Бухоро, яъне вобаста ба вилояти чоришавии он номгузорй кардаанд. Ин одат дар Точикистон то имруз бокй мондааст. Масалан дарёи Душанбе дар назди дехаи Зиддй руди Зиддй, дар назди Варзоб - Варзобдарё номида шудааст. Ё худ Басмандасой дар кисмати миёна Даханасой ва дар кисмати охири чараёни худ Ширинсой номида мешавад. Ин анъанаи нав набуда, решаи он ба карнхо рафта мерасад ва вобаста ба хамин бисёр дарёхои Осиёи Миёна номи ягонаи доимй надоранд.

M.E. Массон вобаста ба номи имрузаи дарёи Зарафшон навиштааст, ки «номи Зарафшон дар адабиёти аврупой хамчун «зарфишон» оварда шудааст. Дар як вакт он чй аз назар дур мондааст, ки якум, ин номро дарё дар кисмати поёнии худ гирифтааст, хол он ки танхо болооби он зарфишон аст; дуюм ин ки ахолии махаллй истилохд «зар»-ро на ба маънои аслиаш мефахмад; сеюм ин дар манбаъхои хаттй аввалин маротиба дар китоби таърихии Сайид Раким, ки соли 1701/2 навишта шудааст, вомехурад» (11, 47).

Чуноне ки дида мешавад, дар давраи бевакти асримиёнагй дарёи Зар ба Шахрруд иваз шуда, номи Зар ба дарёи асосии водии Сугд - Зарафшон дода шуд. Эхтимол, дар чунин номгузорй шудани руди Сугд голибияти забони точикй ва аз харитаи чугрофй аз байн рафтани номи Сугд хамчун номи вилоят бошад.

Бар хилофи акидаи M.E. Массон дар бораи он ки кисми болоии дарёи Зарафшон зарфишон аст, махз дар кисмати поёнии он, дар нохияи Кармина-Навой кони калони тилло ба даст омада буд. Аз ин хотир, мумкин аст, дар кадом як давра руди Сугд дар поёноби худ реги тиллоро мебурд ва бо хамин сабаб ахолии махаллй ба вай номи Зарафшонро додааст.

Муаллифи «Х,удуд-ул-олам» бар хилофи аз Истахрй гайр аз руди Сугд ва Чагониён руди Хирсобро кайд кардааст, ки аз Бутамон сар шуда, ба руди Узганд мерезад. Руди Хирсоб номи имрузаи руди Курушоб мутобикат мекунад. Дар «Х,удуд-ул-олам» руди ошро низ ёдрас намудааст, ки аз куххои Бутамон манбаъ мегирифт (21, 77).

Муаллифи «Х,удуд-ул-олам» хамчунин дарёи беномеро номбар намудааст, ки 60 фарсанг дарозй дошта, аз куххои Буттам сар мешавад ва ба самти шимол-чануб чорй шуда, аз Бумак, Хулбак гузашта, дар Паргар ба Ч,айхун мерезад (21, 77). В.В. Бартолд чунин мепиндошт, ки муаллифи «Худуд-ул-олам» дарёи Кчи-Сурхобро дар наздикии Балчувони имруза дар назар дошт (5, 119).

Дар фаркият Бархилофи Истахрй муаллифи «Худуд-ул-олам» сохтори кухии Буттамро аниктар нишон додааст. Дар боби «Куххо»-и китоби худ вай менависад, ки «як шоха аз Хуталон сар шуда, бо шохаи Буттам пайваст мешавад ва аз онхо шохахои бисёр пайдо гашта, дар Чагониён онхо нест мешаванд. Куххои Буттам асосан аз ду шоха таркиб ёфта, дар Саравшан (Уструшана) пайваст мешаванд... Аз кисми дохилии Буттам боз як шоха пайдо шуда, он Буттамон, Дарйёчо ва ба воситаи Чагониён, Самарканд, Сугд то Бухоро меравад. Хар яке аз ин шоха боз шохахои калон ва хурд доранд» (21, 79).

Дар хакикат, куххои болооби Зарафшон ба ду кисм таксим шудаанд: Туркистон ва Зарафшон. Кухи Зарафшон бо воситаи Фондарё ва шохоби вай Искандардарё боз ба ду шоха тасим шудааст, ки яке аз онхо каторкуххои Хисор мебошад (12, 43).

Ибни Хав^ал дар фаркият аз ал-Истахрй ва муаллифи «Худуд-ул-олам» навиштааст: «кухи наздикии махали Варака Катра ном дорад ва байни Самарканду Кеш чойгир аст ва ба суи Самарканду Асравшана тул кашида, бо куххои Буттам пайваст мешавад ва минбаъд ба воситаи Тироз то Хитой меравад» (9, 181). Минбаъд боз навиштааст: «Навшодир дар Буттам, оина, охан, мис, симоб, тилло, нукра, ангишт аз ин кух мебароянд... Буттам - ин чои пайвстшавии куххост. Бо номи Буттами якум, миёна ва беруна маълум аст» (9, 183).

Дар асоси хамин сархадхо сархади куххои Буттамро муайян кардан мумкин аст. Дар шимолу шарк онхо бо куххои Шалчи, Талас ва Помир, дар чануб бо Хуттал, дар чанубу гарб ва гарб то Чагониён, Бухоро рафта, дар шимол аз Шалчи то Тарас онхоро шохоби Сирдарё

- Сиё (^ародарёи муосир) чудо мекунад. Хамин тарик, куххои Буттам бо сохтори кухии муосир дар сохтори кухии Помиру Олой мутобикат мекунад: Буттами якум - каторкуххои Туркистон ва Олой, Буттами миёна - Зарафшон, Буттами миёна - Хисор.

Дар адабиёти таърихй акидае мавчуд аст, ки чугрофидонони араб дар зери мафхуми Буттам тамоми сохтори кухии байни болооби Амударё ва Сирдарёро дар назар доранд (5, 181; 18, 56). Аммо дар асл ин тавр нест. Чуноне ки маълум шуд, хамаи чугрофидонони асримиёнагии араб дар зери мафхуми Буттам танхо сохтори кухии байни Вахш ва сохили чапи Сирдарёро дар назар доштанд.

Доираи мафхуми Буттам дар фаркият аз куххои Буттам тангтар аст. Агар ба вилояти Буттам рустохои Ягноб, Мастчох, Паргар, Кштут, Могиён шомил бошанд, дигар нохияхои дар ин минтака чойгиршуда ба вилоятхои дигари Осиёи Миёна дохил мешуданд. Дар худи хамон чо кисми зиёди навохии Уструшана чойгир буд. Бехуда Абурайхон Берунй Уструшанаро «вилоят дар мамлакати Буттам» наномида буд (6, 70). Ягон чугрофидони асримиёнагй микдори рустохои вилояти Буттамро нишон надодааст. Танхо муаллифи «Худуд-ул-олам» кайд намудааст, ки дар Буттам дехоту рустои бисёр мавчуданд. Аммо у хам микдори онхоро нишон надодааст.

Дар Буттами миёна муаллифи «Худуд-ул-олам» танхо нохияи Паргарро нишон додааст. Илова бар ин ал-Мукаддасй рустохои Вакр, Бангам, Буттамро нишон дода буд (14, 35). Аз ин маълум мешавад, ки чугрофидонон танхо рустохоро номбар карда, дар бораи чои онхо ахборе надодаанд.

H.H. Неъматов, ки махсусан бо масъалахои чугрофияи таърихии Уструшана машгул буд, кайд кардааст, ки чойгиркунии аники рустохо айни замон дар асоси он маълумоте ки мавчуд аст, гайриимкон мебошад (14, 35).

Яке аз масъалахои мухими таърихи болооби Зарафшон тафсири номхои чугрофии минтака мебошад, ки номи Буттам аз чумлаи онхост. Тафсири номи Буттам чун бисёр дигар номхои чугрофй хеле душвор аст. Истифодаи он аз чониби муайянкунандаи «ал» (ал -Буттам) нишон медихад, ки онхо онро танхо барои тасвири махал кабул кардаанд. Шакли Буттамон аз тарафи муаллифи «Худуд - ул - олам» хар як кисми Буттамро ба мавхуми «хар

- сархад» ифода кардааст. Умуман ба Буттам бошад, истилохи «худуд»- ро истифода кардааст. Мафхуми Буттам эхтимол «вилояти кухй» гуфтан бошад.

Ду русто - Масчох ва Паргар (Фалгар) то имруз номи худро нигох доштаанд. Дар байни хуччатхои сугдии Муг мактуби хокими Мадрушкат, яне Масчох ба хокими Кштут бокй мондааст (21, 172).

Рустои дигари Буттам Кштут буд. Вай дар хуччати Б-7 бойгонии Муг - мактуби хокими Мадрушкат ба хокими Кштут - Виштам бокй мондааст (19, 173). Эхтимол, Кштут монанди Паргар ва Масчох дар асрхои VII-VIII хануз рустои мустакил буд. Мутобики маълумоти этнографй ба бекигарии Кштут дар асрхои XVIII-XIX дарахои дарёхои Артуч ва Вору, хамчунин водихои Кштутдарё шомил буданд. Илова бар ин, ба ин чо сохили чапи Зарафшон то купруки Дупула дохил мешуд (2, 6).

Рустои навбатии Буттам Могиён буд. Аз руи маълумотхо вай тамоми хавзаи Могиён, Шингдарё ва Форобро дарбар мегирифт. Ч,угрофидонони асримиёнагй дар байни рустохои Уструшана Кштут ва Могиёнро номбар накардаанд. Эхтимол, дар асрхои X-XII на хамаи марзи Буттам ба Уструшана шомил буд. Рустохои Кштут, Могиён ва Офтобруя якчоя бо Панчакент ба хайати Сугди Самарканд дохил буд. Чугрофидонони асримиёнагй сахван навиштаанд, ки Уструшана дар чанубу гарб бо Чагониён ва Кеш хамсархад буд. Н.Н. Неъматов кайд намудааст, ки Уструшана дар гарб бо Панчакент хамсархад буд (14, 26). Эхтимол, Кштут ва Могиён тобеи Панчакент буданд.

Дехоти Сугд дар асрхои миёна минтакаи васеъро дарбар гирифта, хар яке номхои ба худ хос доштанд, ки дар шароити муайяни таърихй пайдо шудаанд. Яке аз рустохои бузурги Сугд - рустои Мастчох мебошад. Мастчох рустои кухист. Вай дар водии бо дарё хамном, ки аз рустои хамсоя Бургор (Фалгар) сар шуда, ба дарёи Сугд (Зарафшон) ибтидо мегузарад, чойгир шудааст. Ду тарафи рустои Мастчохро аз чануб Зарафшон ва аз шимол Туркистон ихота кардаанд. Русто бо хатти дарозе тул мекашад, ки дар чукурии байни кухсор чойгир шуда, дарёи асосии русторо ба водй пайваст мекард.

Рустои Мастчох аз пиряххои чои ба хам пайвастшудаи каторкуххои Туркистон ва Зарафшон огоз шуда, аз Шарк ба Гарб бо чараёни дарё мефаромад ва то дехаи имрузаи Оббурдон, ки аз ин чо каламрави рустои дигар огоз меёфт, тул мекашид.

Забоншиносон ба номи русто дар китобхои хануз дар асри X таълифшуда дучор омаданд ва албатта, на дар шаклу холи хозираи он. Дар гузашта он Мастчох не, балки Масхоё ё Масехо ном доштааст. Он замонхо муаррихони давр ва баъдан саргахи Зарафшонро ал-Бутам, Бутамон ва Кухистон гуфтаанд.

Алхол ба мо маълум аст, ки муаллифи «Бобурнома» хангоми фирор дар ин дарё чанд муддат сарпанох чуста, шакли «Мастчох» - и истилохро кор нафармудааст. Дар ин асар ба шаклхои дигари номи ин макон вомехурем. Бобур дар шафати Масчо, аз чумла бо одамонаш ба агбаи Машехо гузаштанашро зикр кардааст. Чунин кайд будани топоним беасос набудааст.

Баъзе хуччатхо, аз чумла васикахо, ки охирхои асри XIX ва ибтидои асри XX нигошта шудаанд, дар шакли Масчо омадани истилохро тасдик кардаанд. Дар сарчашмахои пешина хангоми навишти номи русто харфхои «т» ва «х» сокит шудаанд, яъне номи русто дар шакли «Масчо» омадааст. Шакли «Мастчох» танхо дар солхои 30 - юм, он хам бошад дар матнхои русй дучор меоянд ва ин сабабхои худро дорад: аввал ин ки бе «т» навишта шудани он «Масча» ва барои русизабонон гушхарош менамояд. Баъдан Мастчох навиштан ба ривояти беасос такя кардан аст, ки гуё ин макон чои бадарга (чох) ва мардумаш бадаргашудагон бошанд. Хулоса, дар гузашта харфхои «т» ва «х» дар миёнаю охири ин воча вучуд надоштанд ва дар шароити имруза низ онхо дар забони шифохии мардуми ин чо нестанд. Яъне шакли дурусти истилохи «Мастчох» «Масчо» мебошад, ки мутаасифона маънидоди он душвор аст (8, 27). Аз руи таъбири халкй маънои истилох «мукаддас» гуфтан аст (3, 84).

Бостоншиносон нишон медиханд, ки дар миёнаи хазорсолаи II то мелод харакати гуруххои нави этникй аз Маргиён ба водии Зарафшон ба амал омадааст. Маргиёниён наслхои мухочирони Осиёи Пеш мебошанд, ки дар хазорсолахои IV-III то мелод омадаанд (16, 41-42).

Гурухи дигари хиндуориён, ки аз Осиёи Пеш ба шимол харакат карда, саравлодони гуруххои этникии андроновй гаштаанд, дар сархади хазорсолахои II-I то мелод харакати худро ба чануб аз бахри Арал кад-кади Сирдарё огоз карда, ба воситаи марзи имрузаи Точикистону Афгонистон ба Хиндустони шимолу гарбй рафтаанд. Як кисми онхо дар рафти мухочират дар марзи болооби Зарафшон ва шимолии каторкуххои Туркистон маскун шуданд.

Мухочирон давлати худро бо номи Парута ташкил намуданд, ки дар Авасто омадааст (1, 315). Дар хайати ин гуруххо кабилае бо номи мастя мавчуд буд ва эхтимол намояндагони он ачдодони мардуми Мастчох бошанд. Гуруххои дигар бо номи каши дар Ягноб, панчалхо дар Шахристону Панчакент, куру дар Куруката маскун шуда буданд.

Рустои дигар Паргар ё Бургар (Фалгари имруза) мебошад. Вай дар тарафи гарбии рустои Масчо чойгир шуда, водии Фондарё, махалхои гирду аторфи кули Искандаркул ва водии Зарафшонро аз дехкадаи Оббурдон то калъаи машхури Муг дарбар мегирифт. Дар ин чо Бургар бо рустои Панчакенти Сугд хамсархад буд. Сархад такрибан аз наздикии Кештутдарё - шохоби Зарафшон мегузашт. Истилохи арабии Бургар шояд шакли

вайроншудаи Паргар ё Фалгар махаллй бошад. Мо дар ин чо хамон калимаеро чун дар номи кадимаи Кон - сурхоб мебинем. Ин калима дар номи имрузаи Фалгар бокй мондааст.

Дар бораи русто маълумотхои зиёд чой доранд. Маъние, ки чугрофидони араб ба мафхуми Фалгар медиханд хеле гуногунанд. Масалан Истахрй Фалгар гуфта махалли гирду атрофи Искандаркулро дар назар доштааст. Муаллифи «Х,удуд-ул-олам» бошад, Искандаркулро дар худуди Фалгар чой додааст ва аз ин хотир мафхуми Фалгар дар китоб васеъ аст.

Маънии гуногуни ин номи чугрофй ба назари мо бо этимологияи он алокаманд аст, ки аз руи мазмуни худ ба «^арчистон» - и Самъонй ва «Кухистон» - и тадкикотчиёни рус мувофикат мекунад. Паргар (Фалгар) ё Апаргар истилохи сугдй буда, калимахои раг -«дар боло», «дар болои» ва gar - «кух» таркиб ёфтааст. Аз ин маълум мешавад, ки он маънои «болои кух» ё «мамлакати кухй» -ро медихад, ки хакикатан хам ба мавкеи чугрофии ин русто мувофикат мекунад (17, 58).

Яке аз дехахое, ки дар каламрави нохияи имрузаи Айнй вокеъ аст, дехаи Урметан мебошад. Мувофики акидаи О.И. Смирнова компоненти «митан», «метан» барои вохаи Бухоро хос аст. Вай менависад: «Ин компонент эронии «metan» - «манзил», «хона» буда, дар замони форсии нав «^tan» - «ватан» (синоними арабии сугдии «xvana» - «манзил», «хона» мебошад. ^исми аввали вожаи «Урметан» аз Yrmetan - эронй гирифта шудааст, маънояш «васеъ», «фаррох» гуфтан аст.

Номи кухнаи Айнй «Варзминор» (Варз) буд. Маънии номи Варзиминорро О.И. Смирнова тахлил кардааст. Вай чунин акида дорад, ки истилохи «варз» сугдй буда, аз вожаи "varz" баромадааст (17, 62). «Варз» ба забони точикй маънии «баланд»-ро дорад. «Минор» бошад, «манора», «гунбаз» гуфтан аст. Аз ин чо маълум мешавад, ки маънии номи Варзминор «манораи баланд» гуфтан аст. Дар хуччатхои хотанию сакой истилохи мазкур дар шакли «Vara» омада, маънои «девор», «калъа»-ро дорад (7, 160).

Х,амин тарик, дар асоси навиштахои боло чунин ба назар мерасад, ки махалхои болооби Зарафшон хануз дар замони кадим пайдо шуда, номхои ба худ хосро дар асоси забони сугдй гирифтаанд. Маскуншавии халкиятхои хиндуориёнй дар водии Зарафшон вокеияти объективии он замон ва шароити таърихии барои он мусоид буд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Авеста в русских переводах (1861-1996) / Сост., общ. ред., примеч., справ, разд. И.В. Рака. -СПб.: Журнал «Нева» - РХГИ, 1997. - 480 с.
2. Аминов, П.А. Военно-топографический очерк горной страны верховьев р. Зеравшан/ П.А. Аминов // Материалы для статистики Туркестанского края. Ежегодник, вып. III. - СПб, 1874. - С.3-57.
3. Аюбов, А.Р. Топонимы Уструшаны: истоки их происхождения и значения/ А.Р. Аюбов. -СПб.: Нестор-История, 2009. - 94 с.
4. Бартольд, В.В. История культурной жизни Туркестана. Соч. Т.2. Ч.1. - М.: Изд-во вост. Литературы/ В.В. Бартольд.- 1963. - С.169-433.
5. Бартольд, В.В. К истории орошения Туркестана. Соч. T.III. - М., Изд-во Наука/ В.В. Бартольд, 1965. - С.97-236.
6. Бируни Абу Рейхан. Памятники минувших поколений // Избранные произведения. Т.1. -Ташкент: Изд-во АН УзССР, 1957. - 516 с.
7. Бушков, В.И. О некоторых проблемах сложения таджикского населения Северного Таджикистана периода античности и раннего средневековья / В.И. Бушков// История, архитектура и искусство Уструшаны /Составитель Р.С. Мукимов. - Душанбе: Издательство «Контраст», 2013. - С.157-164.
8. Волин, С.Л. К вопросу о замке на горе Муг / С.Л.Волин// Тр. Таджикской Базы АН СССР. Т.1Х. - Л., 1940. - С.28-32.
9. Истахрй. Китаб масалик ал-мамалик // Материалы по истории киргизов и Киргизии. Вып.1. - М.: Наука, 1973. - С.15-34.
10.Ибн Хурдодбех. Книга путей и стран / Перевод с арабского, комментарии, исследование, указатели и карты Наили Велихановой. - Баку: Элм, 1986. - 428 с.
11.Массон, М.Е. Из истории горной промышленности Таджикистана/ М.Е.Массон. - М.: Изд-во АН СССР, 1934. - 102 с.
12.Мухин, А.С, Гусев В.Ф. Фанские горы/ А.С. Мухин. - М.: Географиздат, 1949. - 152 с.
13. Негматов, Н.Н. Историко-географический обзор Уструшаны с древнейших времен до Х в. н.э. / Н.Н.Негматов // Материалы и исследования по археологии СССР. - 1953. - №37. -С.231-252.
14. Негматов, Н.Н. Уструшана в древности и раннем средневековье / Н.Н. Негматов// Труды Отделения общественных наук АН Таджикской ССР. - 1957. - Т.55. - 160 с.
15.Пьянков, И.В. Древний Самарканд в известиях античных авторов/ И.В.Пьянков. -Душанбе: Дониш, 1972. - 60 с.
16.Сарианиди, В.И. Некрополь Гонур-депе и иранское язычество/ В.И.Сарианиди. - М.: Мир-Медия, 2001. - 246 с.
17. Смирнова, О.И. Вопросы исторической топографии и топонимики Верхнего Зеравшана/
0.И. Смирнова // Материалы и исследования по археологии СССР. - 1950. - №15. - С.56-66.
18. Смирнова, О.И. Карта верховьев Зеравшана первой четверти VIII в. / О.И. Смирнова // Страны и народы Востока. Вып.2. - М.: Изд-во Восточной литературы. - С.220-230.
19. Согдийские документы с горы Муг. Вып. II. Юридические документы и письма. Чтение, перевод и комментарии В.А. Лившица. - M.: Изд-во восточной литературы, 1962. - 224 с.
20.Ставиский, Б.Я. Исторические сведения о верхней части Зеравшанской долины / Б.Я. Ставиский // История материальной культуры Узбекистана, вып. 1. - Ташкент, 1959. - С.79-93.
21.Худуд-ул-олам. Текст подгот. Н. Косимов. - Душанбе: Дониш, 1983. - 132 с.
22. Щукин, И.С., Гилярова М.А. Кухистан (физико-географический очерк) / И.С. Щукин, // Материалы Таджикско-Памирской экспедиции. Вып. 23. - Л., 1936. - 346 с.
23.Якубов, Ю. Паргар в VII - VIII вв/ Ю. Якубов. - Душанбе: Дониш, 1979. - 220 с.

REFERENSES:

1. Avesta in Russian Translations (1861-1996) / Compiled by, general edition, notes I.V. Rak. -SPb.: Journal of the Neva, 1997. - 480 p.
2. Aminov, P.A. Military Topographic Sketch of the Mountainous Country of the Upper River. Zeravshan/ P.A. Aminov // Materials for statistics of the Turkestan Territory. Annual, Issue. III. -St. Petersburg, 1874. - P.3-57.
3. Ayubov, A.R. Toponyms of Ustrushana: Origins of their Origin and Meanings/ A.R.Ayubov. -St. Petersburg: Nestor-History, 2009. - 94 p.
4. Barthold, V.V. The History of the Cultural Life of Turkestan. Composition/ V.V.Barthold. -V.2. Part 1. - Moscow: Publishing-house ofLiterature, 1963. - P.169-433.
5. Bartold, V.V. To the History of Irrigation of Turkestan. Works. Composition/ V.V.Bartold. - V. III. - M.: Science, 1965. - P.97-236.
6. Biruni Abu Reyhan. Monuments of Past Generations // Selected Works. -V.1. - Tashkent: Publishing-house of the Academy of Sciences of the Uzbek SSR, 1957. - 516 p.
7. Bushkov, V.I. On some Problems Concerned with the Addition of the Tajik Population of Northern Tajikistan in the Period of Antiquity and the Early Middle Ages/ V.I. Bushkov// History, architecture and art / Compiled by Р.С. Mukimov. - Dushanbe: Contrast, 2013. - P.157-164.
8. Volin, S.L. On the Issue of the Castle on Mount Mug / S.L. Volin// The Tajik Base of the Academy of Sciences of the USSR. T.IX. - L., 1940. - P.28-32.
9. Istakhri. Kitab masalik al-mamalik // Materials on the history of Kirghiz and Kirghizia. Issue 1. - M.: Science, 1973. - P.15-34.
10. Ibn Khordadbeh. Book of Paths and Countries / Translation from Arabic, commentary, study, indexes by Naili Velikhanova. - Baku: Science, 1986. - 428 p.
11. Masson, M.E. From the History of the Mining Industry of Tajikistan/ M.E. Masson. - M.: Publishing-house of the USSR Academy of Sciences, 1934. - 102 p.
12. Mukhin, A.S., Gusev V.F. Fan Mountains/ A.S. Mukhin,. - M.: Geografizdat, 1949. - 152 p.
13. Negmatov, N.N. Historical and Geographical Overview of Ustrushana from Ancient Times to the X-th Century // Materials and research on archeology of the USSR/ N.N.Negmatov. - 1953. -№ 37. - P.231-252.
14. Negmatov, N.N. Ustrushana in Antiquity and Early Middle Ages / N.N. Negmatov // Proceedings of the Social Sciences Division of the Academy of Sciences of the Tajik SSR. - 1957. -V.55. - 160 р.
15. Pyankov, I.V. Ancient Samarkand in the News of Ancient Authors/ I.V. Pyankov. -Dushanbe: Knowledge, 1972. - 60 p.
16. Sarianidi, V.I. Necropolis of Gonur-depe and Iranian Paganism/ V.I.Sarianidi. - M.: Mir-Media, 2001. - 246 p.
17. Smirnova, O.I. Some Issues Concerned with Historical Topography and Toponymy of Upper Zeravshan / O.I. Smirnova // Materials and research on archeology of the USSR. - 1950. - № 15. -P.56-66.
18. Smirnova, O.I. Map of the Upper Reaches of Zeravshan in the First Quarter of the VIII-th Century / O.I. Smirnova// Countries and peoples of the East. -Issue 2. - M.: Publishing-house of Eastern Literature. - P.220-230.
19. Sughd Documents from Mount Mug. Issue. II. Legal documents and letters. Reading, translation and comments Livshits. - M.: Publishing-house of Oriental Literature, 1962. - 224 p.
20. Stavisky, B.Ya. Historical Information about the Upper part of the Zeravshan Valley / B.Ya. Stavisky // History of Material Culture of Uzbekistan, vol. 1. - Tashkent, 1959. - P.79-93.
21. Hudud-ul-olam. The Text is Prepared. N. Kosimov. - Dushanbe: Knowledge, 1983. - 132 p.
22. Shchukin, I.S, Gilyarova M.A. Kukhistan (physical and geographic sketch) / I.S, Shchukin// Materials of the Tajik-Pamir Expedition. Issue. 23. L., 1936. - 346 p.
23. Yakubov, Yu. Pargar in the VII-th - the VIII-th Centuries/ Yu.Yakubov. - Dushanbe: D, 1979. - 220 p.
Суѓд Зарафшон Буттам Парғар Урметан Мастчоњ љуѓрофияи таърихї топонимика маскуншавии њиндуориѐињо Согд
Другие работы в данной теме:
Контакты
Обратная связь
support@uchimsya.com
Учимся
Общая информация
Разделы
Тесты